Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Боғи Рӯдакӣ ярмаркаи баҳории “Наврӯз Душанбе-2020” идома дорад, ки дар он маҳсули эҷоди ҳунармандон – туҳфаҳо пешкаш шуда, барои кӯдакон машғулиятҳои касбӣ гузаронида мешавад. Ярмарка аз соати 11:00 то 24:00 кор мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.8358 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1453 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 Дар Маскав шумораи нахустини газетаи «Чархи гардун» ба табъ расид.

2013 – Вакилони парлумон лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо “Дар бораи маориф” дар таҳрири нав ҷонибдорӣ намуданд.

1928 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Расул Ҳодизода.

1938 – Мавлуди шоир Одина Мирак.

1945 – Зодрӯзи иқтисодчӣ Муртазо Қаҳҳоров.

1969 – Мавлуди овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз дар бисёре аз кишварҳо Рӯзи байнулмилалии дандонпизишкон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи духтурони дандони ҷумҳуриро бо иди асбиашон табрику таҳният мегӯем!

Рӯзи истеҳсоли доруи аспирин. 121 сол пеш кимиёшиноси олмонӣ, корманди ширкати «Bayer» Феликс Хоффман барои истеҳсоли он патент гирифт.

Дар ИМА имрӯз иди миллии Рӯзи маҳсулоти хӯроквории яхшуда аст, ки маҳз ҳамин рӯзи соли 1930 дар Спрингфилд бори нахуст ғизои яхшуда ба фурӯш бароварда шуд.

ОБУҲАВО

Рӯзҳои 5-8 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, боришот (борон, барф) ба амал омада, 8-9 март дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ағбаҳои кӯҳии НТМ, шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 6+11 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳои водибуда боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо шабона ва саҳар барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18° хунук, (дар мавзеи Булункул 25-27 хунук), рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар дар водиҳо боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...