Дар мағозаҳои чинии Душанбе чӣ савдо мекунанд?

Дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе беш аз даҳ мағоза ва фурӯшгоҳҳои соҳибкорони Чин фаъолият дошта, дарҳои сетои онҳо баста ва баъди хуруҷи коронавирус дар ватани ин соҳибкорон кам касоне ба онҳо медароянд. Харидорони асосии ин мағозаву фурӯшгоҳҳо худи шаҳрвандони Чин мебошанд. Дигар хориҷиён ва тоҷикистониёне, ки ба ин ҷойҳо меоянд, асосан хӯришҳо мехаранд. Моликон ва […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе беш аз даҳ мағоза ва фурӯшгоҳҳои соҳибкорони Чин фаъолият дошта, дарҳои сетои онҳо баста ва баъди хуруҷи коронавирус дар ватани ин соҳибкорон кам касоне ба онҳо медароянд.

Харидорони асосии ин мағозаву фурӯшгоҳҳо худи шаҳрвандони Чин мебошанд. Дигар хориҷиён ва тоҷикистониёне, ки ба ин ҷойҳо меоянд, асосан хӯришҳо мехаранд.

Моликон ва фурӯшандагони ин мағозаҳо мегӯянд, маҳсулоташонро ҳанӯз то хуруҷи коронавирус аз Чин овардаанд.

“Айни замон маҳсулот намеорем. Аз ҳамон маҳсулоте, ки то хуруҷи коронавирус оварда будем, савдо карда истодаем, – мегӯяд Кан Дун Ян. – Айни замон сарҳад баставу хатсайрҳои ҳавоии мустақим ҳам нест. Барои аз дигар кишварҳо овардан хароҷот зиёд мешавад. Харидорон ҳам аз пештара хеле каманд”.

Дар маъмурияти бозори “Меҳргон” изҳор доштанд, ки маҳсулоти ин мағозаҳо хатарнок набуда, мунтазам зери назорату санҷишанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.