ВКХ Тоҷикистон худдорӣ аз сафарро ба 5 кишвар тавсия медиҳад

Аваз Юлдошев

Бо назардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Корея, Эрон, Италия ва Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Чин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Дар хабари нашркардаи ВКХ қайд мешавад, ки ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад.

Зимнан таъкид шудааст, ки тоҷикистониёни дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд.

Гуфта мешавад, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ҳолати шуюи вируси мазкурро пайваста пайгирӣ намуда, мусоидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонанд.

“Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар асоси талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар сурати аз Ҷумҳурии Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин ба Тоҷикистон ворид шудан, ба мақсади пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд”, – омадааст дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки то 6 март дар берун аз ҳудуди Чин дар 76 кишвар зиёда аз 12 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд. Дар хориҷ аз қаламрави Чин ҳамагӣ 12668 ҳолати сирояти Covid-19 ба қайд гирифта шуда, 214 нафар фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...