Муовини сарвазир мушовири президенти Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

Дар Душанбе мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи хоси вазири Аврупо ва мушовири махсуси президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Поскал Лоро доир гардид. Тавре ба “Азия-Плюс”аз котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Азим Иброҳим таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатонашро ба имконоти сармоягузорӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ ва соҳаи саноати сабук […]

Дар Душанбе мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи хоси вазири Аврупо ва мушовири махсуси президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Поскал Лоро доир гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс”аз котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Азим Иброҳим таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатонашро ба имконоти сармоягузорӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ ва соҳаи саноати сабук дар Тоҷикистон ҷалб кард.

“Даҳҳо ширкати фаронсавӣ, ки дар бозори Тоҷикистон фаъолият доранд, ба таври пурра имконоти мавҷудаи иқтисодии дуҷонибаро фаро гирифта наметавонанд”, – таъкид дошт Азим Иброҳим.

Мушовири президенти Фаронса аз ҷониби Тоҷикистон дархост кард, ки лоиҳаҳои ояндадор дар иқтисоди кишвар барои таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши дақиқ ба онҳо пешниҳод шаванд.

Ҷониби Фаронса ҳамчунин ба роҳандозии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои истеҳсоли маснуоти нассоҷӣ ва пойафзолдӯзӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ (пӯсту чарм) таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.