Ду узви аз Русия фироркардаи “бандаи ГТА” 25-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

Asia-Plus

Аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи ба истилоҳ “Бандаи ГТА” Боир Ғуломов ва Муродҷон Каримов ҳар кадоме ба 25 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ин бора торнамои Прокуратураи генералии Русия иттилоъ додааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки суд Ғуломов ва Каримовро дар узвияти гурӯҳи ҷиноятпеша, одамкушӣ, ҳамлаҳои ғоратгарона ва содир намудани ҷиноёти дигар дар қаламрави Русия гунаҳкор донистааст.

Соли 2014 чанде аз аъзои гурӯҳ дар Русия боздошт гардида, ба ҷазои ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд.

Ба Ғуловом ва Каримов муяссар шуд, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шаванд. Онҳо мавриди ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон шуданд. Охири соли 2014 муайян гардид, ки макони будубоши онҳо дар Тоҷикистон аст.

Дар қонунгузории Тоҷикистон супоридани шаҳрванди кишвар ба ихтиёри давлатҳои дигар барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Русия бо дархости ҷазо додани онҳо маводи парвандаро ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристод.

Ин гурӯҳи ҷиноятпеша ё худ “бандаи ГТА” давоми солҳои 2012-2014 дар роҳҳои мошингарди шаҳру вилояти Маскав ва вилояти Калуга ба ронандагон ҳамла мекарданд. Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки ба ҳайати гурӯҳ на камтар аз 15 нафар зодагони Осиёи Марказӣ шомил буда, онҳо дар куштори 17 нафар ва захмӣ кардани боз 2 тани дигар гунаҳкоранд.

Панҷ нафар иштирокчиёни парвандаи “бандаи ГТА” соли 2017 ба посбонҳои суди вилояти Маскав дарафтода, силоҳи онҳоро гирифтанд. Чор нафар аз ҳамлагарон кушта шуданд. Аз рӯйи парвандаи кӯшиши фирор ба 4 посбон ҷазои шартӣ таъин шуд.

ГТА дар исми ин гурӯҳ аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...