Се муштзани тоҷик барои гирифтани роҳхати олимпӣ имкон доранд

Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев ва Сумайя Қосимова қувваозмоиро барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио давом медиҳанд. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 8-9 март қувваозмоиҳои даври чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор шуд. 4 варзишгари тоҷик, ки ба чорякфинал роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Шаббос Неъматуллоев дар вазни […]

Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев ва Сумайя Қосимова қувваозмоиро барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио давом медиҳанд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 8-9 март қувваозмоиҳои даври чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор шуд.

4 варзишгари тоҷик, ки ба чорякфинал роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Шаббос Неъматуллоев дар вазни -81кг аз Бекзод Нурдавлатови қазоқистонӣ ва Давлат Болтаев дар вазни -91кг аз варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит шикаст хӯрданд.

Давлат аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд (дар вазни -91кг 4 роҳхат пешбинӣ шуда буд), вале Шаббос барои роҳхати панҷуми олимпӣ ду муҳорибаи дигар анҷом медиҳад. Нахуст 10-уми март бо Йомҳот Ҷаккапонг аз Тайланд, ки дар чорякфинал аз намояндаи Урдун шикаст хурд, баъдан 11-уми март бо ғолиби ҷуфти Сачин Кумар (Ҳиндустон) / Нгуйен Суонг (Ветнам) қувва меозмояд.

Баҳодур Усмонов дар вазни 63кг дар чорякфинал аз Обада Алкасбаи урдунӣ ва Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Чин Йуан Чанг мағлуб шуданд. Акнун ҳар ду барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио як имкони дигар доранд. Баҳодур бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя бо Ириш Магнои филиппинӣ нерӯ месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карда, 8 нафарашон дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.