Сардии шабҳо нақшаи кори гулпарварони пойтахтро тағйир дод

Обуҳавои сарди шабона ва боридани борон нақшаи кори гулпарварони шаҳри Душанберо, ки аввали баҳор наздики 10 миллион гул шинониданӣ буданд, тағйир дод. Гулпарварони Душанбе қаблан изҳор доштанд, ки то ҷашни Наврӯз шаҳрро ба гулистони бузург табдил медиҳанд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии ҳукумати шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов хабар дод, мувофиқи нақшаи шаҳрдорӣ, аз 8 то […]

Обуҳавои сарди шабона ва боридани борон нақшаи кори гулпарварони шаҳри Душанберо, ки аввали баҳор наздики 10 миллион гул шинониданӣ буданд, тағйир дод.

Гулпарварони Душанбе қаблан изҳор доштанд, ки то ҷашни Наврӯз шаҳрро ба гулистони бузург табдил медиҳанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии ҳукумати шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов хабар дод, мувофиқи нақшаи шаҳрдорӣ, аз 8 то 10 март дар пойтахт бояд беш аз 1,5 миллион дона гулҳо шинонида мешуданд, лекин обуҳавои номусоид ба анҷоми ин кор монеа эҷод кард.

“То ҷашни Наврӯз мавсими баҳории гулшинониро дар шаҳр ба охир расониданӣ будем, лекин мутаассифона, ба анҷоми он дар муҳлатҳои пешбинишуда вақт намерасад, – қайд кард вай. – Ҳозир қариб 1,5 млн дона гулҳои гуногун барои шинонидан тайёр карда шуда, бо мусоид шудани обуҳаво ба кор сар мекунем”.

Вай афзуд, ки то аввали моҳи март дар пойтахт беш аз 7,5 млн дона гулҳои гуногун шинонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки вақти беҳтарин барои шинонидани гули лола замоне дониста мешавад, ки ҳарорати хок то +7-10°С поин меравад. Дар Тоҷикистон он маъмулан ба охири моҳи ноябр – аввали декабр рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 кӯчаву хиёбон ва майдонҳои шаҳри Душанберо ба сурати умум зиёда аз 6 млн дона гулҳо оро дода буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.