Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе соати 10:00 чорабинии "МамаДадаФорум" оғоз мешавад. Дар он 23 коршинос аз Англия, Украина ва Тоҷикистон дар бораи ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандон изҳори назар мекунанд. Даромадан бепул аст.

– Дар Гӯшаи Амрико дар Тоҷикистон дар доираи “Моҳи ҳаёт (тақдир)-и занон” намоишгоҳи аксҳои занони маъруфи Амрико ва Тоҷикистон баргузор шуда, инчунин маърӯзаҳои коршиносони соҳа ва намоиши филмҳо пешниҳод карда мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.7000 сомонӣ;

1 евро – 11.0017 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1345 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2003 – Бо фармони президенти ҶТ дар ҷумҳурӣ давраи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандон муқаррарар гардид.

2012 – Зимни мулоқот бо намояндагони ВАО бахшида ба 100-умин солгарди нашри шумораи нахусти рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» президент пешниҳод кард, ки ҷазо барои туҳмат сабуктар карда шавад.

2013 – Пас аз таъмиру азнавсозӣ президент ба фаъолияти автовокзали марказии Душанбе ҳусни оғоз бахшид.

1910 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.

1938 – Мавлуди олим-муаррих Зоҳирбой Воситов.

1938 – Зодрӯзи олими таърихшинос Юсуф Раҳимов.

1959 – Мавлуди нависанда, коргардон Гулбаҳор Мирзоева.

1959 – Зодрӯзи Шариф Раҳимзода, иқтисодчӣ ва ходими давлатии Тоҷикистон.

1960 – Мавлуди адиб, доктори улуми филология Салими Хатлонӣ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Шурӯъ аз соли 2006 ин сана ҳамчун Рӯзи умумииҷаҳонии гурда таҷлил мешавад, ки баҳри беҳбуди огаҳии аҳолӣ аз муҳимияти кори гурдаҳо дар ҷисми инсон нигаронида шудааст. Айни замон шумори беморони гурда дар ҷаҳон 10% аз аҳолии сайёраро ташкил дода, мутаассифона, дар ҳоли афзоиш аст.

102 сол пеш, 12 марти соли 1918 ба шаҳри Маскав мақоми пойтахти Русия баргардонида шуд, ки то ин дам ба Петроград (Санкт-Петербург) тааллуқ дошт.

188 сол пеш дар балет бори аввал сарулибоси “пачка” (либоси занона дар балети классикӣ ба шакли якчанд юбкачаи кӯтоҳи оҳарии болои ҳам дӯхташуда) истифода шуд, ки аз рӯйи расмҳои тарроҳ ва рассоми маъруфи фаронсавӣ Эжен Лами дӯхта шуда буд.

ОБУҲАВО

Рӯзҳои 11-12 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 12+17 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар дар водиҳо борони суст борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 2-7° хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20° хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар боришоти суст (борон, барфи тар) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...