Қадршиносии беҳтарин рӯзноманигорон ва ВАО дар Душанбе

Дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 11-уми март бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор шу. Дар он беҳтарин намояндагони ин касб қадршиносӣ ва беҳтарин ВАО-и кишвар эълон гардиданд. Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Хушбахт дар бахши матбуоти даврӣ, директори намояндагии миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» Вера […]

Дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 11-уми март бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор шу. Дар он беҳтарин намояндагони ин касб қадршиносӣ ва беҳтарин ВАО-и кишвар эълон гардиданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Хушбахт дар бахши матбуоти даврӣ, директори намояндагии миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» Вера Исмоилова – дар бахши телевизион ва сармуҳаррири Радиои «Овози тоҷик» Фазилат  Иброҳимова – дар бахши радио ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.

Мувофиқи натиҷаҳои назарпурсии хонандагону шунавандагон ва тамошобинони телевизион, нашрияи “Ҷумҳурият”-ро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон “рӯзномаи сол” эълон кард.

Хабаргузории “Авеста” – беҳтарин оҷонсӣ, “Радиои Ватан” – беҳтарин радио, “Синамо” – беҳтарин шабакаи телевизион ва “Бонувон” – беҳтарин маҷаллаи сол эътироф шуданд.

Сардабири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо ҷоизаи беҳтарин сармуҳаррир ва Абдулло Раҳнамо бо мукофоти беҳтарин коршинос қадрдонӣ шуданд.

Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон “беҳтарин маркази матбуот”-и сол номида шуд.

Рӯзноманигор ва шоир Валиҷон Баёнӣ, ки охири моҳи феврал аз олам даргузашт, журналисти сол эълон шуд. Ӯ солҳои зиёд дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва солҳои охир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистн кор мекард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” номаи сипосгузорӣ тақдим кард.

Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола 11-уми март дар кишвар таҷлил мешавад. Соли 1912 аввалин шумораи “Бухорои Шариф” маҳз дар ҳамин рӯз чоп шудааст.

Дар ин матлаб навиштаҳои соҳибкасбони шинохта перомуни вазъи кунунии рӯзноманигории Тоҷикистон аз сафаҳоти фейсбукии онҳо бознашр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.