Ташхиси ройгони шаҳрвандони Тоҷикистон дар арафаи Наврӯз

Date:

Дар арафаи ҷашни Наврӯз аз 1 то 21 марти соли равон барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони ташхиси ройгони як қатор бемориҳо фароҳам шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар ин муддат Озмоишгоҳи миллии референсӣ тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қарияи боло).

Озмоишгоҳи мазкур ҳамчунин бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба занону духтарон ташхиси се намуд кандидоз – албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро ба таври ройгон ба роҳ монда буд. Дар доираи ин иқдом ба 289 нафар занони муроҷиаткарда ташхисҳои мазкур ба таври ройгон расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...