“Маршировка” дар Суғду Хатлон давом дорад. Оё хатари коронавирус нест?

Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ҳазорон нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олӣ ба “маршировка”-и наврӯзӣ сафарбар шудаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини якчанд мақомоти давлатӣ эълом доштанд, барои пешгирии сирояти коронавирус чорабиниҳои оммавӣ қатъ карда мешаванд. Ҷараёни омодагии ҷашнӣ дар Хуҷанд Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола дар назар аст, ки бо иштироки […]

Афзал Босолиев, Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ҳазорон нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олӣ ба “маршировка”-и наврӯзӣ сафарбар шудаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини якчанд мақомоти давлатӣ эълом доштанд, барои пешгирии сирояти коронавирус чорабиниҳои оммавӣ қатъ карда мешаванд.

Ҷараёни омодагии ҷашнӣ дар Хуҷанд

Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола дар назар аст, ки бо иштироки президенти Тоҷикистон ва ҳудуди 25 ҳазор меҳмону тамошобин аз дохилу хориҷи кишвар, ҳамчунин бо ҷалби зиёда аз 10 ҳазор хонандаю донишҷӯ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Барои омодагӣ ба ин маросим дар варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тамрини хонандагону донишҷӯён ҳамарӯза ҷараён дорад.

Имрӯз дар вақти аксу наворгирии мо ҳам теъдоди зиёди донишҷӯёну хонандагон аз рӯйи барномаҳои чорабинӣ тамрин мекарданд.

Як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бидуни зикри номаш гуфт, Наврӯзи имсола назар ба солҳои гузашта бошукӯҳтар таҷлил мешавад. Зимнан барномаи театрикунонида ва Корвони Наврӯзӣ пешкаши тамошобинон мегарданд. Ҳамчунин анъанаҳои наврӯзии кишварҳои ҳамсоя намоиш дода мешаванд.

Мо хостем, дар ин бобат иттилои бештар гирем, вале ин нафари масъул аз идомаи суҳбат худдорӣ кард.

Дар шарҳи масъалаи ҷалби хонандагону донишҷӯён ба “маршировка”, сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод гуфт: “Сарусадоҳои аз хатари коронавирус манъ шудани чунин чорабинии бошукӯҳ ягон воқеият надорад, зеро хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Ба қавли ӯ, бо сабаби боридани борон ва баъзе нуқсонҳои техникӣ тамрини онҳо як-ду рӯз нигоҳ дошта шуд, аммо ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои қатъ кардани омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз аз ягон ниҳод ҳеҷ дастуре нагирифтааст.

“Қарор буд, ки ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ 22-юми март дар Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олиқадр гузаронида шавад, аммо рӯзи дақиқи баргузории он ҳоло маълум нашудааст”, – афзуд Маъмури Юсуфзод.

Донишҷӯёни иштирокдори ин тамринҳо низ баён доштанд, ки ба ғайр аз рӯзи якшанбе, ҳамарӯза дар варзишгоҳ аз соати 8 то 16 машқ доранд ва барояшон хӯроки нисфирӯзӣ ташкил шудааст.

Оғози дубораи “маршировка” дар Бохтар

Иштироки хонандагону донишҷӯён дар барномаҳои театрикунонидаи вилояти Хатлон аз нав шурӯъ гардид.

Аз рӯйи мушоҳидаҳои хабарнигори “Азия-Плюс”, дар варзишгоҳи марказии “Пахтакор” ва назди театри мусиқию мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯзи 11-уми март тамрини барномаҳои театрикунонида бо ҷалби хонандагону донишҷӯён дубора ҷараён гирифт.

Як манбаъ аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар суҳбати телефонӣ инро ба хабарнигори “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфт: “Супориш шуд, ки барномаҳои театрикунонидаи наврӯзӣ дар сатҳи маҳалҳо гузаронида шаванд”. Аммо ӯ мушаххас накард, ки чунин супориш аз ҷониби кӣ ё кадом ниҳод дода шудааст.

Ёдрас мекунем, як ҳафта пеш сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдулозода ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфта буд: “Вазири фарҳанг ба ҳамаи раёсатҳо ва дигар зерсохторҳояш дастур дод, ки ба хотири пешгирии коронавирус аз барномаҳои театрикунонида даст бикашанд. Иловатан дирӯз барқияи телефонӣ гирифтем ва машқҳои барномаи театрикунонидаро бахшида ба Иди Наврӯз қатъ кардем”. Вай ҳамон рӯз афзуд, ки чунин тасмим дар мувофиқа бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода низ тасдиқ карда буд, ки машқҳо барои барномаи театрикунонидаи Бохтар ва шаҳру навоҳии вилоят манъ карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.