Вазорати маориф барои пешгирии коронавирус “маршировка”-ро қатъ кард

Машқҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ё ба истилоҳ “маршировка” ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ва худдорӣ аз харҷи маблағҳо қатъ шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. “Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва худдорӣ кардан аз харҷи ҳама намуди маблағҳо, инчунин пешгирӣ аз сирояти коронавирус […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Машқҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ё ба истилоҳ “маршировка” ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ва худдорӣ аз харҷи маблағҳо қатъ шудааст.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

“Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва худдорӣ кардан аз харҷи ҳама намуди маблағҳо, инчунин пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-2019), тибқи дастури Ситоди дохилиидоравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-2019), машқҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ қатъ карда шуд”, – изҳор дошт сухангӯйи вазорати мазкур Эҳсони Хушбахт.

“Бинобар ин, ба роҳбарияти тамоми муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар алоҳидагӣ дар доираи муассисаи таълимӣ бо назардошти риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шавад”, – афзуд сухангӯйи Вазорати маориф ва илм.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.