Ҳукумат қарзи корхонаҳои бузурги давлатиро коҳиш доданист

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад. Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон дар ин хусус аввали моҳи феврали соли равон қабул шудааст. Миёни корхонаҳое, ки ба коҳиш додани уҳдадориҳои молиявӣ ва қарзҳои кредиториашон супориш дода шудааст, ШСХК “Барқи […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон дар ин хусус аввали моҳи феврали соли равон қабул шудааст.

Миёни корхонаҳое, ки ба коҳиш додани уҳдадориҳои молиявӣ ва қарзҳои кредиториашон супориш дода шудааст, ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО), ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” зикр шудаанд.

Қарзи кредитории корхона ва ташкилотҳои кишвар то 1-уми октябри соли гузашта беш аз 64,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 6,6 млрд доллар)-ро ташкил дода буд.

Ҳиссаи ташкилоту корхонаҳои зиёновар дар шумори умумии онҳо ба 28,5% баробар аст.

Байни корхонаҳои Тоҷикистон айни замон қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз дигарон нисбатан бузургтар аст.

Қарзҳои кредитории “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1-уми январи соли равон 26 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳанд, ки 21 млрд сомониаш ба лоиҳаҳои сармоягузории амалишудаи бахши электроэнергетика рост меояд (25 лоиҳа амалӣ гардида, боз 13 лоиҳа дар марҳилаи татбиқ қарор доранд).

Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо ба ду нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, “Ориёнбонк”, барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.