БМТ қурби рублро нисбат ба пули миллӣ боз 4,2% поин бурд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тайи шабонарӯзи охир қурби расмии арзи миллиро нисбат ба рубли Русия боз ба андозаи 4,2% боло бурд.

БМТ қурби сомониро нисбат ба рубл имрӯз, 13-уми март дар сатҳи 0.1288 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар кардааст. Рӯзи 12-уми март он 0.1344 сомониро ташкил медод.

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба рубл ба андозаи 4,7% – аз 0.1413 сомонӣ то ба 0.1346 сомонӣ паст карда буд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар шуда, бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ, пардохти маблағи андозҳо, инчунин ҳисобу китоби пардохтҳои гумрукӣ ва ғайра истифода мешавад.

Тағйири қурби пули миллӣ нисбат ба рубл бар асари поинравии қурби рубл пас аз хеле паст шудани нархи нафт сурат пазируфт.

Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби рубли нақд рӯзи душанбе ба андозаи беш аз 10% – аз 145 сомонӣ то ба 130 сомонӣ поин рафт.

Айни замон қурби хариди рубл 128-130 сомонӣ барои 1 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, рӯзи 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид. Ин замон арзиши баррел дар сатҳи 32,7 доллар пасту баланд мешавад.

Рӯзи панҷшанбе замони пӯшида эълон шудани савдо дар биржаи Маскав қурби доллар нисбати рубл бо назардошти ҳисоби “фардо” то ба 74,85 рубл барои 1 доллар афзуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...