БМТ қурби рублро нисбат ба пули миллӣ боз 4,2% поин бурд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тайи шабонарӯзи охир қурби расмии арзи миллиро нисбат ба рубли Русия боз ба андозаи 4,2% боло бурд. БМТ қурби сомониро нисбат ба рубл имрӯз, 13-уми март дар сатҳи 0.1288 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар кардааст. Рӯзи 12-уми март он 0.1344 сомониро ташкил медод. Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта Бонки миллӣ қурби сомониро […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тайи шабонарӯзи охир қурби расмии арзи миллиро нисбат ба рубли Русия боз ба андозаи 4,2% боло бурд.

БМТ қурби сомониро нисбат ба рубл имрӯз, 13-уми март дар сатҳи 0.1288 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар кардааст. Рӯзи 12-уми март он 0.1344 сомониро ташкил медод.

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба рубл ба андозаи 4,7% – аз 0.1413 сомонӣ то ба 0.1346 сомонӣ паст карда буд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар шуда, бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ, пардохти маблағи андозҳо, инчунин ҳисобу китоби пардохтҳои гумрукӣ ва ғайра истифода мешавад.

Тағйири қурби пули миллӣ нисбат ба рубл бар асари поинравии қурби рубл пас аз хеле паст шудани нархи нафт сурат пазируфт.

Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби рубли нақд рӯзи душанбе ба андозаи беш аз 10% – аз 145 сомонӣ то ба 130 сомонӣ поин рафт.

Айни замон қурби хариди рубл 128-130 сомонӣ барои 1 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, рӯзи 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид. Ин замон арзиши баррел дар сатҳи 32,7 доллар пасту баланд мешавад.

Рӯзи панҷшанбе замони пӯшида эълон шудани савдо дар биржаи Маскав қурби доллар нисбати рубл бо назардошти ҳисоби “фардо” то ба 74,85 рубл барои 1 доллар афзуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.