Кумаки СҶТ ва USAID ба Тоҷикистон барои муқовимат ба коронавирус

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва USAID таҷҳизоту лавозимоти муҳофизати шахсӣ аз коронавирусро ба ихтиёри Тоҷикистон супурданд, ки барои ҳайати кормандони тиббии беморхонаҳо пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, маводи тақдимшуда – ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.

“Ҳамаи ин корҳо барои он анҷом дода мешаванд, то ки кишвар ба вуруди эҳтимолии вирус ба таври бояду шояд омода бошад, – гуфт роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии СҶТ дар ҶТ Галина Перфилева. – Шумо медонед, ки имрӯз дар 114 кишвари дунё, ки аз се ду ҳиссаи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, барои омода будани низоми тандурустии Тоҷикистон ҳамаҷониба тадбирҳо андешида мешаванд”.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ аз номи ҳукумат ва роҳбарияти вазорат ба ҳукумати ИМА, хусусан, ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, изҳори сипос кард.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати харидории сару либоси муҳофизатии инфиродӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ маблағҳои муайян ҷудо мешавад.

Зикр мегардад, ки то имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирӣ аз интиқоли он ба кишвар рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

То 12-уми марти соли равон 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то дирӯз 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...