Мутахассисони тоҷику ӯзбек канали калони Ҳисорро ҳамроҳ тоза мекунанд

Дар асоси шартномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чанде қабл 9 адад техникаи махсус (экскаваторҳои тасмачарх) бо ронандагонашон аз Ӯзбекистон барои тоза кардани канали калон ба шаҳри Ҳисор  омаданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, корҳои тозаю барқароркунии канали калони Ҳисор рӯзи 8-уми марти соли ҷорӣ аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор оғоз гардида, […]

Дар асоси шартномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чанде қабл 9 адад техникаи махсус (экскаваторҳои тасмачарх) бо ронандагонашон аз Ӯзбекистон барои тоза кардани канали калон ба шаҳри Ҳисор  омаданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, корҳои тозаю барқароркунии канали калони Ҳисор рӯзи 8-уми марти соли ҷорӣ аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор оғоз гардида, то мавзеи сарбанди канали мазкур (дарёи Душанбе) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома меёбад.

Гуфта мешавад, тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 18 км корҳои поксозии дохил ва канораҳои канали номбурда ба анҷом расонида мешавад. То рӯзи 11-уми март ҳудуди 6,3 км (3,15км ва 3,15км аз ду канори канал) корҳои тозаю барқарорсозӣ ҷараён гирифтанд.

“Илова бар ин, рӯзи 11-уми март ҳукумати шаҳри Ҳисор 3 адад техникаи махсус ва 30 нафар аз ҷумлаи сокинони рустоҳои канори каналро барои тоза кардани он аз партовҳо ва дарахтони атроф сафарбар кард”, – қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар шаҳри Ҳисор ронандагони экскаваторҳо аз Ӯзбекистон бо се вақт ғизои гарм ва ҷойи хоб пурра таъмин карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони канали калони Ҳисор моҳи сентябри соли 1940 тариқи ҳашар дар Душанбе оғоз шуда, солҳои душвори ҷанг низ корҳо дар ин шабакаи муҳими обёрӣ қатъ нашуданд. Расо баъд аз ду сол, дар моҳи сентябри соли 1942 бунёди канал ба итмом расид.

То имрӯз ин канал ризқрасони тамоми водии Ҳисор боқӣ мемонад. Дарозии он 49,3 километрро ташкил медиҳад. Канали калони Ҳисор наздики 30 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон ва беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ӯзбекистонро обёрӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.