Барои ташхиси коронавирус Тоҷикистон аз Русия тест-низомҳо гирифт

Русия ба кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳудуди 800 маҷмӯаи тест-низомҳои шакли навро барои ташхиси коронавирус дар озмоишгоҳ (лаборатория) дод. Бино ба иттилои сомонаи Роспотребнадзор, тест-низомҳо дар маркази илмии вирусшиносӣ ва биотехнологияи “Вектор”-и назди ин хадамот коркард шудаанд. Гуфта мешавад, ин тест-низомҳо инчунин ба Озарбойҷон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ ва Эрон фиристода шудаанд. […]

Русия ба кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳудуди 800 маҷмӯаи тест-низомҳои шакли навро барои ташхиси коронавирус дар озмоишгоҳ (лаборатория) дод.

Бино ба иттилои сомонаи Роспотребнадзор, тест-низомҳо дар маркази илмии вирусшиносӣ ва биотехнологияи “Вектор”-и назди ин хадамот коркард шудаанд.

Гуфта мешавад, ин тест-низомҳо инчунин ба Озарбойҷон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ ва Эрон фиристода шудаанд. Онҳо ба мутахассисон барои баргузории 80 ҳазор таҳқиқот имкон медиҳанд.

Роспотребнадзор дар робита ба бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Эрон, ба ин кишвар 500 маҷмӯаи чунин тест-низомҳоро ба таври ройгон дод, ки барои гузаронидани 50 ҳазор ташхис пешбинӣ шудааст.

Зикр мешавад, ки айни замон тест-низомҳои Роспотребнадзор ба 10 кишвари хориҷи дур ва наздик фиристода шуда, бо истифода аз онҳо дар қаламрави кишварҳои Арманистону Беларус ҳолатҳои беморӣ ошкор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.