Амирбек Мӯсоев раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб шуд

Дар Анҷумани XV ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон оҳангсози маъруфи тоҷик, арбоби ҳунари ҷумҳурӣ Амирбек Мӯсоев раиси Иттифоқ интихоб шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ӯ дар ин вазифа Хуршед Низомовро, ки аз моҳи апрели соли 2017 роҳбарии ин ниҳоди эҷодиро ба зимма дошт, иваз кард. Хуршед Низомов чанде пеш ба вазифаи Директори […]

Дар Анҷумани XV ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон оҳангсози маъруфи тоҷик, арбоби ҳунари ҷумҳурӣ Амирбек Мӯсоев раиси Иттифоқ интихоб шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ӯ дар ин вазифа Хуршед Низомовро, ки аз моҳи апрели соли 2017 роҳбарии ин ниҳоди эҷодиро ба зимма дошт, иваз кард.

Хуршед Низомов чанде пеш ба вазифаи Директори Маъмурияти гурӯҳҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд.

Гуфта мешавад, вакилони Анҷуман бобати ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъати композиторӣ, рушди санъати мусиқии касбии тоҷик, ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ ва фаъол кардани тафаккури бадеии аҳли ҷомеа, инчунин тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуданд.

Вакилони Анҷуман қайд карданд, ки имрӯз масъалаҳои ҳифз ва рушди санъати миллӣ, дастгирии шаклҳои гуногуни мусиқии касбӣ, аз ҷумла, эҷодиёти композиторону мусиқишиносон ва ҳунармандон, инчунин омодасозии кадрҳо зери таваҷҷуҳи хосаи сарвари давлат ва ҳукумати кишвар қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.