Боздошт ва ҳабси 5 ҷавон аз рӯйи навори латукӯби бераҳмона

Asia-Plus

Имрӯз кормандони милитсияи пойтахт 5 ҷавонро аз рӯйи видеои дар Facebook нашршуда барои латукӯби бераҳмонаи як мард боздошт ва ҳабс карданд. Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми март дар як қатор сомонаҳои интернетӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори латукӯб нашр гардид.

Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян кардани нафарони гумонбар ва омилу сабабҳои ин амали ҷиноятӣ бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Барои дастгир кардани нафарони дар навор инъикосшуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шуданд.

Дар натиҷа бо гузашти ҳамагӣ 20 дақиқа баъд аз ҳодисаи мазкур кормандони милитсияи пойтахт содиркунандагони ин амали ғайриқонуниро дастгир карданд.

https://www.youtube.com/watch?v=oZ0XXNd-MqI

Муайян карда шуд, ки амали ҷиноиро шаҳрвандон:

Зиёев Беҳрӯз Тағоевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат;

Яхшиев Эмомалӣ Бароталиевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш.Кӯлоб;

Баротов Ёрмуҳаммад Тағоевич, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ш.Душанбе;

Асроров Абдусалом Аҳрорович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ш.Душанбе;

Мулкамонов Ҳукуматшоҳ Рамазонович, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ш.Бохтар содир кардаанд.

Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки дар 17-уми март дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар натиҷаи як муноқишаи лафзӣ 5 нафар дастгиршудагон дар ҳайати гурӯҳӣ шаҳрванд Ҷумъазода Кароматуллои Асатулло, соли таваллудаш 07.06.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷ/д Мирзо Ризо, деҳаи Шӯроб, оиладор, соҳиби 3 фарзандро ба воситаи калиди чархи мошин ва мушту лагад якчанд маротиба ва ба таври бераҳмона ба сару рӯяш зарба заданд. Онҳо баъд аз беҳуш шудани ҷабрдида, телефони мобилии ӯро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд.

“Дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршудагон ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст”, – иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Айни ҳол нисбат ба дастгиршудагон дар асоси моддаҳои 237 қисми 3 (Авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) ва 248 (Ғоратгарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...