Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Серена» намоишгоҳи асарҳои рассом Парвина Гулова ва муҷассамасоз Хуршед Ҳусейнов доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.7378 сомонӣ; 1 евро – 10.7164 сомонӣ;                      1 рубли русӣ – 0.1293 сомонӣ. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 2010 – Президенти […]

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Серена» намоишгоҳи асарҳои рассом Парвина Гулова ва муҷассамасоз Хуршед Ҳусейнов доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.7378 сомонӣ;

1 евро – 10.7164 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1293 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 – Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Тибқи гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи олӣ 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

2018 – Дар Тоҷикистон китоби тарҳи либосҳо барои занон бо услуби миллӣ таҳти унвони «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» чоп шуд. Маълумоти бештар дар ин мавод дастрас аст.

ЗОДРӮЗ

1936 – Зодрӯзи журналисти шинохтаи тоҷик Отахон Латифӣ.

1938 – Мавлуди адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов.

1946 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ӯрунбек Ҳамдамов.

1956 – Мавлуди собиқ вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода.

1966 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр ва синамо Маҳмадсаид Шоҳиён.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи Коммунаи Порис – аввалин инқилоби пролетарӣ. Он ҳамагӣ 72 рӯз (18 март – 28 май) вуҷуд дошт, аммо барои баргузории як қатор ислоҳоти давлатӣ фурсат ёфт.

55 сол муқаддам, 18 марти соли 1965 нахустин бор дар таърих одам ба фазои кушоди кайҳон баромад. Кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов наздики 12 дақиқа берун аз киштии “Восход-2” қарор дошт.

89 сол пеш дар ИМА истеҳсоли аввалин ришгираки барқӣ оғоз шуд. Аввали садаи 19 полковники мустаъфӣ Шик дастгоҳи ришгирӣ ва соли 1975 Марсел Бик аввалин ришгираки якдафъаинаи Bic-ро ихтироъ карданд.

ОБУҲАВО

Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 18+23 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 8+13° гарм, рӯзона 20+25° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9° гарм, рӯзона 17+22° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -2+3°, рӯзона 6+11° гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19° хунук, (дар мавзеи Булункул 27-29 хунук), рӯзона 0+5° гарм, (дар мавзеи Булункул 12-14 хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 20+25° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0+5° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 8+10° гарм, рӯзона 22+24° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 20+22° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 9+11° гарм, рӯзона 23+25° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Хонандагони муҳтарам, сарфи назар аз ҳама чиз, бароятон табъи хушу болидаро таманно мекунем! Худро эҳтиёт ва қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя карда, ба таҳлукаю воҳима дода нашавед! 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.