Ҳалокати 6 нафар дар садамаи нақлиёти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баъд аз зуҳри 17-уми март садамаи маргбори нақлиёт ба амал омад, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои КҲФ, дар мавзеи деҳаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, воқеъ дар километри 191 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сабукрави тамғаи “Опел-Зефира”, рақами давлатияаш 18-23 СВ 01, ки аз ҷониби сокини 45-солаи шаҳри Душанбе Мамадризо Иброҳимов идора мешуд, ба автомашинаи боркаши “Дулан”, рақами давлатияш 34-00 ВК 03, ки ронандаи он Меҳрубон Бозоров, соли таввалудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, деҳаи Гулистон буд, бармехӯрад.

Дар натиҷаи садама ронандаи сабукрави тамғаи “Опел-Зефира” ва 5 нафар мусофиронаш: Икромҷон Раҳимов, соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара; Абдуғафур Эргашев, соли таввалудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов; Маҳмадсаид Файзиев, соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат; Гулсуной Сайфуллоева, соли таввалудаш 1976, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Фаррух Назаровсоли таввалудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷойи ҳодиса фавтиданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...