Сокини Хуҷанд ҳамсари собиқ ва писарашро бо мошин пахш кард

Кормандони милитсия сокини 37-солаи шаҳри Хуҷандро барои дидаву дониста бо мошин пахш кардани ҳамсари собиқ ва писараш бозошт карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, наздикиҳои шоми рӯзи 17-уми март боздоштшуда дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо собиқ ҳамсараш зани 34-сола ва писари ноболиғи 15-солааш вохӯрда, аз сабаби муноқишаи рухдода онҳоро бо мошини шахсии тамғаи “Опел-Вектра” қасдан […]

Кормандони милитсия сокини 37-солаи шаҳри Хуҷандро барои дидаву дониста бо мошин пахш кардани ҳамсари собиқ ва писараш бозошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, наздикиҳои шоми рӯзи 17-уми март боздоштшуда дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо собиқ ҳамсараш зани 34-сола ва писари ноболиғи 15-солааш вохӯрда, аз сабаби муноқишаи рухдода онҳоро бо мошини шахсии тамғаи “Опел-Вектра” қасдан пахш кардааст.

“Дар натиҷа ҳамсари собиқаш аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар беморхона ба ҳалокат расида, писари ноболиғаш бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, нисбат ба марди боздоштшуда мутобиқи моддаи 110, қ.3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар сурати гунаҳкор эътироф шудан, ба ӯ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.