Ҳалокати 6 нафар дар садамаи нақлиёти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баъд аз зуҳри 17-уми март садамаи маргбори нақлиёт ба амал омад, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои КҲФ, дар мавзеи деҳаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, воқеъ дар километри 191 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сабукрави тамғаи “Опел-Зефира”, рақами давлатияаш 18-23 СВ 01, ки аз ҷониби сокини 45-солаи шаҳри Душанбе Мамадризо Иброҳимов идора […]

Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баъд аз зуҳри 17-уми март садамаи маргбори нақлиёт ба амал омад, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои КҲФ, дар мавзеи деҳаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, воқеъ дар километри 191 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сабукрави тамғаи “Опел-Зефира”, рақами давлатияаш 18-23 СВ 01, ки аз ҷониби сокини 45-солаи шаҳри Душанбе Мамадризо Иброҳимов идора мешуд, ба автомашинаи боркаши “Дулан”, рақами давлатияш 34-00 ВК 03, ки ронандаи он Меҳрубон Бозоров, соли таввалудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, деҳаи Гулистон буд, бармехӯрад.

Дар натиҷаи садама ронандаи сабукрави тамғаи “Опел-Зефира” ва 5 нафар мусофиронаш: Икромҷон Раҳимов, соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара; Абдуғафур Эргашев, соли таввалудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов; Маҳмадсаид Файзиев, соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат; Гулсуной Сайфуллоева, соли таввалудаш 1976, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Фаррух Назаровсоли таввалудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷойи ҳодиса фавтиданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.