Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Наврӯзи Хуҷанд иштирок мекунад

Ба таҷлили Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд роҳбарони ҳамаи намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз, ки рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи “20-солаги Истиқлолияти Тоҷикистн” дар шаҳри Хуҷанд […]

Аваз Юлдошев

Ба таҷлили Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд роҳбарони ҳамаи намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз, ки рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи “20-солаги Истиқлолияти Тоҷикистн” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд, иштирок мекунад.

Ба маъракаи ҷашнӣ дар Хуҷанд ба ҷуз дипломатҳо, инчунин аҳли зиёиён ва аҳли ҷомеа даъват шудаанд.

Дар намоиши театришудаи варзишгоҳи Хуҷанд то 12 ҳазор нафар ширкат меварзанд, ки асосан донишҷуёни шаҳр ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд.

Қаблан “Азия-Плюс” бо истинод ба як манбаъи худ дар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус хабар дода буд, ки бо сабаби коронавирус имсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон сайругаштҳои оммавӣ ва намоишномаҳои театришуда баргузор намешаванд. “Чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумори маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешаванд”, – иттилоъ дода буд манбаъ.

Аммо, ба гумони ғолиб, ҳукумат нақшаашро бозбинӣ карда, таҷлили оммавии ҷашни Наврӯз дар кишвар баргузор мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар фазои кушод консертҳо доир мегарданд.

Бубинед, дар Хуҷанд чӣ гуна ба таҷлили Наврӯз омодагӣ мегиранд:

Тоҷикистон аз коронавирус озод боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар вазорат аз шумори шахсоне, ки айни замон ба карантин гирифта шудаанд, хабар намедиҳанд.

Дар кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистон ҳолатҳои сирояти коронавирус тариқи зайл аст:

дар Ӯзбекистон – 13 ҳолат,

дар Қирғизистон – 3 ҳолат,

дар Афғонистон – 21 ҳолат.

Дар Қазоқистон – 35 ҳолат ва дар Русия то субҳи 18-уми март – 114 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамаи ин кишварҳо имсол баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом, аз ҷумла, ба муносибати ҷашни Наврӯз манъ карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.