Ҳукумат оид ба пешгирии таъсири хавфҳо нақша таҳия кард

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, рушди босуботи иқтисодии кишвар аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид. Дар иттилоияи имрӯз интишоркардаи Вазорат қайд мешавад, ки вақтҳои охир […]

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, рушди босуботи иқтисодии кишвар аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид.

Дар иттилоияи имрӯз интишоркардаи Вазорат қайд мешавад, ки вақтҳои охир пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳишёбии қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, шарикони тиҷоратии Тоҷикистонн бетаъсир намонд.

“Вобаста ба ин Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ иборат аз як қатор тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, нақшаи мазкур чорабиниҳоро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим сохта ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд кардани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа пешбинӣ мекунад.

Зикр мешавад, ки масъалаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус, воридотивазкунанда ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, инчунин муътадилии нархҳо зери назорати доимии ҳукумати кишвар қарор дорад ва вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ карда истодаанд.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои зиёди истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи аввал буда, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи пурраю самараноки онҳо, инчунин таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва кам кардани вобастагӣ ба омилҳои беруна чораҳои амалӣ меандешанд”, – таъкид шудааст дар иттилоияи Вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.