Кумитаи дин: Намози ҷамоат аз 20-уми март дар Тоҷикистон иҷозат аст

Алимшоҳ Меҳрзода, махсус барои Asia-Plus

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки “баъд аз анҷом додани корҳои профилактикӣ дар иттиҳодияҳои динии кишвар сар аз пагоҳ, 20-уми март баргузории ибодатҳои дастаҷамъона ба роҳ монда мешавад”.

Сухангӯйи кумитаи мазкур Афшин Муқим имрӯз дар саҳифаи фейсбукии худ навишт: “Аз ҳамаи сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан “Covid-19” дар рафти баргузории намозгузориҳои дастаҷамъона ба қоидаҳои умумии беҳдоштӣ қатъан аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд”.

Ёдовар мешавем, рӯзи 4-уми март Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар муроҷиатномаи худ аз сокинони кишвар даъват кард, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-19 аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо худдорӣ кунанд.

“Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад”, – таъкид шуда буд дар муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 1 Маркази исломӣ, инчунин 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, 4054 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...