Омодагӣ ба коронавирус: Беморхонаҳои Душанберо аз беморон холӣ мекунанд

Манзума Фирӯз, Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бино ба маълумоти манбаъи “Азия-Плюс” – пизишки Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, табибон давра ба давра дар муддати 3 рӯз беморонро ҷавоб медиҳанд, то ки дар сурати ошкор шудани сироятёфтагони коронавирус дар Тоҷикистон, ҷойҳои холӣ мавҷуд бошанд.

“Мо ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза бо коронавирус омода мешавем. Ба мо воситаҳои муҳофизат – ниқобу дастпӯшак, хилъат ва ғайра оварданд. Дар машварати дирӯза ба мо гуфтанд, ки дақиқан ба мубориза бо коронавирус омода шавем, чунки он аллакай дар ҳамсоякишварҳо ба қайд гирифта шудааст”, – изҳор дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъи дигари “Азия-Плюс” дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази солимии №1-и шаҳр (1-ум Советский) низ аз беморон холӣ карда мешавад, лекин манбаъ сабаби инро шарҳ дода натавонист.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ намекунад

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода ба суоли “Азия-Плюс” дар ин робита чунин посух дод: “Кӣ ба шумо гуфт, ки беморхонаҳо баста ё беморонро ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд? Бо ин масъала ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ё ба беморхонаҳо муроҷиат кунед. Онҳо ба шумо сабаби баста шудан ё ҷавоб додани беморонро мефаҳмонанд”.

Сарвари Маркази солимии №1-и шаҳр Хуршед Рустамзода ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки “на ҳамаи беморон ҷавоб дода мешаванд”.

“Ин ҷо масъалаи ҷавоб додани одамони аллакай шифоёфта, ҳамчунин шахсони то ҳол ба муолиҷа ниёздошта ба ҷойҳои дигар баррасӣ мешавад. Мушкили ҷиддие нест – онҳо бе ҷой намемонанд, масъалаи ҷойгиркунии онҳо ҳал шудааст”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, беморхона барои ташкил кардани минтақаи карантин дар он холӣ карда мешавад.

Дар маркази матбуоти беморхонаи “Истиқлол” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки “ҳеҷ гуна мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад”.

“Ҷойҳоро барои карантин, барои шахсоне, ки аз дигар кишварҳо меоянд, холӣ мекунем”, – гуфтанд дар маркази матбуоти беморхона.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...