Истеҳсолгари асосии орд дар Тоҷикистон: Ягон асос барои ташвиш нест

Яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи орд дар Тоҷикистон – “Фаровон-1” овозаҳои кам шудани воридоти гандум ва истеҳсоли ордро беасос медонад. “Гандум ба Тоҷикистон дар ҳаҷми кофӣ ворид мешавад ва барои ташвиш ягон асос вуҷуд надорад. Ҳамаи корҳои боркашонӣ бо тартиби муайяншуда ва маъмулӣ ҷараён доранд”, – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуоти ширкати “Фаровон-1”. Гуфта мешавад, […]

Яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи орд дар Тоҷикистон – “Фаровон-1” овозаҳои кам шудани воридоти гандум ва истеҳсоли ордро беасос медонад.

“Гандум ба Тоҷикистон дар ҳаҷми кофӣ ворид мешавад ва барои ташвиш ягон асос вуҷуд надорад. Ҳамаи корҳои боркашонӣ бо тартиби муайяншуда ва маъмулӣ ҷараён доранд”, – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуоти ширкати “Фаровон-1”.

Гуфта мешавад, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал зери назорати қатъии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, барои дастгирии соҳа сохторҳои давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

“Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон боисрор дархост мекунем, ки орому беташвиш бошанд ва ба овозаву ҳангомаҳо аз рӯйи далелҳои носанҷида бовар накунанд”, – таъкид мешавад дар маълумоти ширкат.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ошкор шудани ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон, ин кишвар аз 16-уми март сарҳадоти худро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, бо Тоҷикистон баст.

Тоҷикистон тариқи роҳи оҳани Ӯзбекистон аз Русия ва Қазоқистон бору маҳсулоти муҳим (маводи сӯзишворӣ, орду гандум ва ғайра) меорад.

Дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба “Азия-Плюс” қаблан хабар доданд, ки равуои мусофирон ва боркашонии транзитӣ бо роҳи оҳан бо реҷаи маъмулӣ ҷараён дорад.

Баъдан Хадамоти гумруки Ӯзбекистон расман тасдиқ кард, ки боркашонии маҳсулоти савдои хориҷӣ ва транзити бор тариқи қаламрави ин кишвар боздошта намешавад.

Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳар моҳ беш аз 7 ҳазор тонна орд ва наздики 50 ҳазор тонна гандум ворид мекунад, ки минбаъд дар корхонаҳои истеҳсоли орди ҷумҳурӣ коркард мешаванд.

Зиёда аз 90%-и орду гандуми воридотиро Тоҷикистон аз Қазоқистон меорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.