Транзити қатораҳои Тоҷикистон тариқи Ӯзбекистон боздошта нашудааст

Равуои мусофирон ва боркашонии транзитӣ бо роҳи оҳан тариқи қаламрави Ӯзбекистон айни замон бо реҷаи маъмулӣ ҷараён дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд. Дар корхона қайд карданд, ки вобаста ба масъалаи маҳдуд сохтани транзити борҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон то ҳол аз роҳиоҳанчиёни ӯзбек ягон огоҳиномае нагирифтаанд. Ба гуфтаи манбаъ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Равуои мусофирон ва боркашонии транзитӣ бо роҳи оҳан тариқи қаламрави Ӯзбекистон айни замон бо реҷаи маъмулӣ ҷараён дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд.

Дар корхона қайд карданд, ки вобаста ба масъалаи маҳдуд сохтани транзити борҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон то ҳол аз роҳиоҳанчиёни ӯзбек ягон огоҳиномае нагирифтаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, барои гузаштани қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон тариқи қаламрави Ӯзбекистон низ ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нашудааст.

Мусофиркашонӣ аз Тоҷикистон ба Маскав тавассути қаламрави Ӯзбекистон дар як ҳафта 4 маротиба сурат мепазирад: 2 маротиба аз Душанбе ва 1-борӣ аз Хуҷанду Кӯлоб.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан аз Русия ва Қазоқистон бору маҳсулоти муҳим (маводи сӯзишворӣ, орду гандум ва ғайра) меорад.

Барои ба роҳи оҳани байнулмилалӣ расидани қатораҳои Тоҷикистон ба ҷуз убур аз қаламрави Ӯзбекистон, дигар самте вуҷуд надорад.

Дар робита ба ошкор шудани ҳодисаҳои сироятёбӣ дар Ӯзбекистон, ҳукумати ин кишвар аз 16-уми март сарҳадҳояшро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, бо Тоҷикистон баст.

Парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд низ то 27-уми март қатъ шуд.

Рӯзи якшанбе, 15-уми март дар Ӯзбекистон 4 ҳолати ба коронавирус сироят ёфтани шаҳрвандони ин кишвар ошкор гардида, то субҳи душанбе шумори онҳо ба 6 нафар расид. Тибқи иттилои вазорати тандурустии ин кишвар, аз нахустин зани беморе, ки аз Фаронса баргашта буд, писару духтар ва шавҳару наберааш сироят ёфтаанд. Ҳамчунин 1 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки 15-уми март тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Истанбули Туркия баргашт, гирифтори коронавирус будааст.

Тавре ВАО менависанд, рӯйхати шахсоне, ки бо ин беморон алоқа доштанд, тартиб дода шуда, онҳо зери муоинаи тиббӣ қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.