АФӮ бозии рафиқона байни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро бекор кард

Бозии рафиқона байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 31-уми март пешбинӣ гардида буд, баргузор намешавад. Тавре Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) хабар медиҳад, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) тасмим гирифтааст, ки бо сабаби таҳдиди паҳншавии коронавирус, баргузории бозиро бекор мекунад. Дар КФО қайд карданд, ки қаблан бозиҳои рафиқонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тимҳои Амороти Муттаҳидаи […]

Бозии рафиқона байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 31-уми март пешбинӣ гардида буд, баргузор намешавад.

Тавре Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) хабар медиҳад, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) тасмим гирифтааст, ки бо сабаби таҳдиди паҳншавии коронавирус, баргузории бозиро бекор мекунад.

Дар КФО қайд карданд, ки қаблан бозиҳои рафиқонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тимҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳиндустон, ки бояд моҳи март дар Душанбе доир мешуданд, низ бекор шуданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки бозиҳои моҳҳои март ва июни марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол бо иштироки тимҳои қораи Осиё бинобар паҳншавии коронавирус ба муҳлатҳои дертар мавқуф гузошта шуданд.

Ба ин тариқ, вохӯрии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои Тоҷикистону ва Муғулистон, ки бояд рӯзи 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардид, ба муҳлати дертар гузаронида шуд. Бозиҳои моҳи июни марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои Ҷопон – Тоҷикистон (4 июн) ва Тоҷикистон – Мянма (9 июн) низ ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуданд.

Дар бораи санаҳои нави баргузории вохӯриҳо дертар хабар дода мешавад. Зикр мегардад, ки федератсияҳои футбол бо розигии тарафайн ва бо шарти риояи тадбирҳои пурзӯри амниятӣ ва пешакӣ мувофиқа шудан аз ҷониби ФИФА ва КФО бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро гузаронида метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.