Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Рӯзи байнулмилалии бахту саодат. СММ онро соли 2012 ба хотири эътирофи муҳимияти хушбахтӣ дар ҳаёти ҳар як инсон  ва дастгирии ақидаи майли ба хушбахтӣ расидани мардуми сайёра эълон кард.

Бароятон бахту саодат ва ободии рӯзгор орзумандем!

АНОНС

– Имрӯз дар қаҳвахонаи «28 обезьян» соати 12:00 DididoChef иқдоми макаронҳои таъмҳои гуногунро мегузаронад. Дар ин иқдом макаронро метавон бо нархи пасттар дастрас кард.

– Дар меҳмонхонаи «Серена» намоишгоҳи асарҳои рассом Парвин Гулов ва муҷассамасоз Хуршед Ҳусейнов ҷараён дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.7486 сомонӣ;

1 евро – 10.6162 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1223 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Дар Тоҷикистон Рӯзи зиёиёни эҷодкор таҷлил мегардад.

1943 – Рӯзномаи «Правда» «Мактуб ба ҷанговарони тоҷик аз халқи тоҷик»-ро ба чоп расонид, ки аз ҷониби зиёда аз 390 ҳазор меҳнаткашони  Тоҷикистон ба имзо расида буд.

2007 — Дар Душанбе бинои нави маҷмааи туркии «Vefa Center» боз гардид.

ЗОДРӮЗ

1931 – Зодрӯзи шоир ва драматург Файзулло Ансорӣ.

1932 – Мавлуди олим-фолклоршинос Асадулло Сӯфизода.

1940 – Зодрӯзи дирижёр Ҷӯрахон Обидов.

1941 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов.

1942 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Парвона Ҷамшедов.

1952 – Мавлуди нависанда Муаззами Аҳмад.

1952 – Зодрӯзи нависанда Сафар Амирхон.

1958 – Мавлуди драматург Ҷумъа Қуддус.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Бо ташаббуси СММ санаи 20 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи Замин – эътидоли баҳоронаи шабу рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Рӯзи баробарии баҳоронаи шабу рӯз инчунин Рӯзи байнулмилалии толеъшиносӣ (астрология) таҷлил мегардад. Ба толеъномаҳо (гороскопҳо) бовар доред? Пас бо толеъномаи мо барои соли равон шинос шавед.

20 март Рӯзи байнулмилалии бидуни гӯшт, ки бисёре аз кишварҳо онро шурӯъ аз соли 1895 ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз мағозаву тарабхонаҳо аз фурӯши гӯшт даст кашида, фаъолон бештар истеъмоли ғизои бегӯшт ва ақидаҳои ғамхорӣ зоҳир намудан ба ҳайвонот ва муҳити зистро ташвиқ мекунанд.

ОБУҲАВО

Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 21+26 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 11+16° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 8+13° гарм, рӯзона 23+28° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9° гарм, рӯзона 19+24° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -2+3°, рӯзона 13+18° гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16° хунук, (дар мавзеи Булункул 28-30 хунук), рӯзона 2+7° гарм, (дар мавзеи Булункул 4-6 хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйиёрбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 22+27° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -3+2°, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйиёрбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6+8° гарм, рӯзона 24+26° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 8+10° гарм, рӯзона 23+25° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 10+12° гарм, рӯзона 25+27° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...