СҶТ ба Тоҷикистон худдорӣ аз баргузории чорабиниҳои оммавиро тавсия медиҳад

Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон ба ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунад. Мактуб бо дастуру шарҳҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент рӯзи 16-уми март фиристода шудааст. Нусхаи мактуб дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад. Дар нома СҶТ даъват кардааст, ки ба ташкили чорабиниҳои оммавии намоишӣ, ки аз сабаби хеле сериздиҳом буданашон […]

Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон ба ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунад.

Мактуб бо дастуру шарҳҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент рӯзи 16-уми март фиристода шудааст. Нусхаи мактуб дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад.

Дар нома СҶТ даъват кардааст, ки ба ташкили чорабиниҳои оммавии намоишӣ, ки аз сабаби хеле сериздиҳом буданашон барои солимии ҷомеа оқибатҳои манфӣ дошта метавонанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.

Гуфта мешавад, аксари манбаъҳои ҳуҷҷатӣ тасдиқ мекунанд, ки чорабиниҳои оммавӣ ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мусоидат карда метавонанд. Қарор доир ба ташкили чорабинии оммавӣ ё ҷорӣ кардани маҳдудият, мавқуф гузоштан ё бекор шудани баргузории он бояд ба арзёбии дақиқи хавфҳо асос ёфта бошад.

“Дар ҳолати баргузории чорабинии беҳад писандида ё хеле сериздиҳом СҶТ ҷиҳати баҳодиҳӣ ба хавфҳо барои солимии ҷомеа кумаки машваратӣ ва техникии худро пешниҳод карда метавонад”, – қайд мешавад дар мактуби СҶТ.

Дар робита ба мубориза бо навъи нави коронавируси COVID-19 СҶТ чунин мешуморад, ки тадбирҳои масофагирии иҷтимоӣ ва чораҳои ба карантин гирифтан бояд бар асоси муосир ҷорӣ шуда, риояи дақиқи онҳо зарур аст.

“Ба ҷуз ин, кишварҳо метавонанд имкони ҷорӣ кардани тадбирҳои зеринро баррасӣ кунанд: бастани мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, мувофиқи имкон ба кори фосилавӣ гузаронидани ташкилоту корхонаҳо, ба ҳадди ниҳоии камтарин расонидани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар вақтҳои аз ҳама сериздиҳом ва мавқуф гузоштани сафарҳои на он қадар ҳатмӣ”, – қайд мекунад СҶТ.

Дар сатҳи инфиродӣ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чунин тавсияҳо медиҳад:

“Минбаъд ҳам қатъиян риоя кардани қоидаҳои гигиена ва тадбирҳои пешгирӣ, инчунин даст кашидан аз ҳузур дар ҷойҳои сериздиҳому ҷамъшавии одамон”.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон чанд ҳафта инҷониб ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагиҳо ҷараён доранд. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин чорабиниҳо аз 7 то 12 ҳазор нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯён иштирок мекунанд.

Ба таҷлили ҷашни Наврӯзи сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҳамаи роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд.

Дар Душанбе низ иди Наврӯз ба таври оммавӣ ҷашн гирифта мешавад: рӯзҳои ид дар 4 ноҳияи пойтахт зери фазои кушод консертҳо баргузор мешаванд. Рӯзи 23-юми март дар “Амфитеатр” консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик доир мегардад. Ҳамчунин дар пойтахт мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ барпо мешавад.

То имрӯз дар саросари дунё 222 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 9 ҳазор кас вафот ва 84,5 ҳазор нафар муолиҷаву солим шудаанд.

Айни замон сирояти коронавирус 159 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст. То имрӯз он дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.