Русия ба муҳоҷирон тамдиди муҳлати патентро бе тарки қаламрави кишвар иҷоза дод

Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи расмии худ тартиби дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиро дар қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дод. Дар маълумот қайд мешавад, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо назардошти вазъи марбут ба паҳншавии коронавирус, аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҳузури муваққатии худро дар […]

Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи расмии худ тартиби дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиро дар қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дод.

Дар маълумот қайд мешавад, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо назардошти вазъи марбут ба паҳншавии коронавирус, аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҳузури муваққатии худро дар қаламрави Русия дароз карда метавонанд.

Барои ин муҳоҷиронро зарур аст, ки бо ариза дар шакли дилхоҳ ба наздиктарин мақомоти минтақавии ВКД Русия дар ҷойи зисти воқеии худ муроҷиат кунанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бе тарк кардани қаламрави Русия ва бе ҷалб шудан ба ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани муҳлати пешниҳоди ариза, метавонанд барои гирифтани патентҳои нав муроҷиат кунанд.

Қабули аризаҳо дар бораи додани иҷозатнома барои ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва иҷозатнома барои кори шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави Русия қарордошта дубора шурӯъ мешавад.

Дар сурати ба охир расидани муҳлати Иҷозатнома барои зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и шаҳрвандони хориҷӣ, муҳлати ҳузури онҳо дароз карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиашон дар Русия иҷоза дода мешавад.

Муҳлати амали раводиди шаҳрвандоне, ки бар асоси он ба Русия омадаанд, сарфи назар аҳ мақсади сафар, тамдид мешавад. Агар амали раводиди ҷорӣ аллакай ба охир расида бошад, муҳлати ҳузури муваққатӣ низ дароз карда мешавад. Он барои шахсоне ҳам дароз карда мешавад, ки ба Русия аз давлатҳое омадаанд, ки бо онҳо созишномаи реҷаи бераводид имзо шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.