Мироби Спитамен ба тасарруфи 850 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Ассотсиятсияи истифодабарандагони оби “Ҳайдар 2017” дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Сайфулло Юсупов дар содир кардани ҷинояти тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва камомад гумонбар мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Юсупов зимни кор ба ҳайси роҳбари ин Ассосиатсия дар давраи солҳои 2018-2019 аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур тибқи шартномаҳо ва санадҳои қабул ба миқдори 48456 ҳазор метри мукааб оби полезиро ба маблағи беш аз 1,1 млн сомонӣ сомонӣ қабул кардааст.

“Минбаъд ӯ бо мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ бо шахсони масъули ҶДММ “Спитамен Текстайл”-и ноҳияи Спитамен маслиҳати пешакӣ намуда, дар ҳисоботи муҳосибӣ маблағи хизматрасонии аз ҳисоби оби полезӣ ҷамъовардаро нишон надода, ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо маблағи 269,904 сомонӣ пардохт карда, боқимонда маблағи 854,640 сомониро тасарруф кардааст ва ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидаст”, – қайд мешавад дар хабари маркази матбуоти Агентӣ.

Айни замон нисбат ба Сайфулло Юсупов ва дигар афроди дар ин амали ғайриқонунӣ дастдошта мутобиқи моддаи 245, қ.4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...