Интиқоли барқ ба ҳамсоякишварҳо то нисф кам шуд

Дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти неруи барқро ба андозаи 52,6% коҳиш дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Тӯли 2 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳамагӣ ба маблағи андаке бештар аз 3,7 млн доллар (2 моҳи аввали соли 2019 – беш […]

Дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти неруи барқро ба андозаи 52,6% коҳиш дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тӯли 2 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳамагӣ ба маблағи андаке бештар аз 3,7 млн доллар (2 моҳи аввали соли 2019 – беш аз 7,8 млн доллар) нерӯи барқ интиқол дода шуд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон неруи барқи худро асосан ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Ӯзбекистон содирот мекунад.

Тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, соли 2019 ба Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд 458,2 млн кВт/соат ва ба Ӯзбекистон  – 1 млрд 425,1 млн кВт/соат барқ интиқол дода шуд.

Арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон дар соли гузашта 4,3 сент ва барои Ӯзбекистон – 2 сент (барои 1 кВт/соат)-ро ташкил дод.

Ширкати “Барқи тоҷик” ният дорад, ки имсол ба Афғонистон ба маблағи умумии наздики 70 млн доллар 1 млрд 588 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад.

Мувофиқи қарордоди имзошуда байни мақомоти марбутаи кишварҳо, арзиши нерӯи барқи Тоҷикистон барои Афғонистон ҳамасола ба миқдори 3% зиёд мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи интиқоли барқ ба Ӯзбекистон дар соли равон то ҳол созиши ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Дар назар аст, ки қарордод дар ин хусус охири моҳи апрел зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон имзо хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.