Боздошти ронанда барои 26 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ

Сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Файзалӣ Муродов барои қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо мошини шахсӣ боздошт шудааст. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, навори қоидавайронкунии ронандаи сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардид. Қоидавайронкуниҳои ӯ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, хусусан, корбарони Фейсбук қарор гирифта, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе […]

Сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Файзалӣ Муродов барои қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо мошини шахсӣ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, навори қоидавайронкунии ронандаи сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардид. Қоидавайронкуниҳои ӯ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, хусусан, корбарони Фейсбук қарор гирифта, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш карданд, ки нисбат ба ронандаи мошини мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

https://www.youtube.com/watch?v=o-Vkkx1kLTY

Муайян карда шуд, ки ронандаи ин сабукрав Файзалӣ Муродов мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи С.Шерозӣ ба самти кӯчаи Н.Қарабоев қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон карда, ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Ҳамзамон дар натиҷаи санҷиш тавассути камераҳои «Шаҳри бехатар» муайян карда шуд, ки номбурда дар 26 ҳолати дигар низ қоидаҳои ҳаракатро дағалона дар муддатҳои гуногун вайрон кардааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба Файзалӣ Муродов барои бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул шудан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, мошини ӯ то пурра барқарор кардани ҷаримаҳои 26 ҳолати қоидаваронкунӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.