Рустами Эмомалӣ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, номзадии ӯ имрӯз, 27-уми март дар иҷлосияи якуми муштараки маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои пойтахт якдилона ҷонибдорӣ шуд. Рустами Эмомалӣ моҳи апрели соли 2017 ва моҳи марти соли ҷорӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, номзадии ӯ имрӯз, 27-уми март дар иҷлосияи якуми муштараки маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои пойтахт якдилона ҷонибдорӣ шуд.

Рустами Эмомалӣ моҳи апрели соли 2017 ва моҳи марти соли ҷорӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуда буд.

Дар ин иҷлосияи муштарак ҳамчунин ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшо Гулзода, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилшод Раҳмонов ва сардори шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Лола Одилбекова узви палатаи болоии парлумони кишвар интихоб шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худашон метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.

Мувофиқи пешгӯии аксари сиёсатшиносон ва коршиносони тоҷик, Рустами Эмомалӣ натанҳо узви Маҷлиси миллӣ, балки раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб мешавад.

Ба ин тариқ, ӯ дар ояндаи наздик аз лиҳози ҳуқуқӣ баъд аз раисҷумҳур расман шахси дуюм дар Тоҷикистон шуда метавонад.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 71 Конститутсияи Тоҷикистон, ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад.

Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.