Бархӯрди харсанги азим ба “Мерседес”-и бензинкаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Date:

Шаби 29-уми март, тақрибан соати 22 дар километри 45-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад. Ин харсанг ба кабинаи мошини боркаш бархӯрд, аммо ронанда осеб надид.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо ширкати Innovative Road Solutions (IRS) роҳи кӯҳиро аз сангу рег тоза карданд ва мошинҳо дубора ба ҳаракат даромаданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

КҲФ огоҳ мекунад, ки хавфи омадани селу тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳамоно боқист. Зимнан аз аҳолӣ дархост мешавад, ҳангоми сафар тавассути роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба боло бурдани суръаи ҳаракат роҳ надиҳанд.

Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави кӯҳии Тоҷикистон хатари омадани сел, резиши сангу рег ва лағзиши тарма вҷуд дорад. Ҳаракат дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Душанбе-Ванҷ, Хоруғ-Ишкошим дар чунин рӯзҳо хавфи бештар доранд.

МЕДИА (IFRAME)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...