Бархӯрди харсанги азим ба “Мерседес”-и бензинкаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Шаби 29-уми март, тақрибан соати 22 дар километри 45-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад. Ин харсанг ба кабинаи мошини боркаш бархӯрд, аммо ронанда осеб надид. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо ширкати Innovative Road Solutions (IRS) роҳи кӯҳиро аз сангу рег тоза карданд ва мошинҳо дубора […]

Шаби 29-уми март, тақрибан соати 22 дар километри 45-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад. Ин харсанг ба кабинаи мошини боркаш бархӯрд, аммо ронанда осеб надид.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо ширкати Innovative Road Solutions (IRS) роҳи кӯҳиро аз сангу рег тоза карданд ва мошинҳо дубора ба ҳаракат даромаданд.

КҲФ огоҳ мекунад, ки хавфи омадани селу тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳамоно боқист. Зимнан аз аҳолӣ дархост мешавад, ҳангоми сафар тавассути роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба боло бурдани суръаи ҳаракат роҳ надиҳанд.

Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави кӯҳии Тоҷикистон хатари омадани сел, резиши сангу рег ва лағзиши тарма вҷуд дорад. Ҳаракат дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Душанбе-Ванҷ, Хоруғ-Ишкошим дар чунин рӯзҳо хавфи бештар доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.