Ҳуқуқшинос: Волидонро барои ба дарс ҳозир нашудани хонандагон ҷарима карда метавонанд

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон имрӯз чоряки нав сар шуд. Ҳукумат тамдиди муҳлати таътил ва ҷорӣ кардани карантинро дар мактабҳо чораи нолозим донист. Чунки то ҳол дар ҷумҳурӣ сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бо вуҷуди ин, аксари волидон аз солимии кӯдакони худ изҳори ташвиш мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ  норозигии волидон нисбат ба маҷбур кардани кӯдакон ба мактабравӣ дар ин давраи хатарнок, ки дар он ҷо хавфи сироятёбӣ вуҷуд дошта метавонад, ба назар мерасад.

Бисёре аз падару модарон навиштаанд, ки муддате чанд кӯдаконашонро нияти ба мактаб бурдан надоранд.

Тасмим гирифтем, аз ҳуқуқшинос бипурсем, ки аз лиҳози қонунӣ ин амали волидону хонандагон боиси кадом ҷазоҳо шуда метавонад?

“Чун дар вақти дигар, хонандагонро барои ҳозир нашудан ба дарсҳо аз мактаб хориҷ ва волидонро ба ҷавобгарӣ ҷалб карда метавонанд. Чунки дар кишвар ҳолати фавқулода эълон нашудааст”, – гуфт ҳуқуқшиноси ширкати “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ба таҳсил дар хона гузаштан ҳам иҷоза дода намешавад.

Волидон бояд донанд, ки нагузоштани кӯдакон ба мактабравӣ бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус мувофиқи моддаи 90 Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода мешавад: ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳандаи ҳисоб (аз 174 то 290 сомонӣ).

Ҳуқуқшинос ба волидон маслиҳат медиҳад, ки фарзандонашонро бо ниқобҳо таъмин карда, ба машғулиятҳо фиристанд.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба “Азия-Плюс” муқаррароти санадҳои дахлдори Тоҷикистонро оид ба тартиби аз муассисаи таълимӣ хориҷ кардани хонанда ирсол дошт:

Мутобиқи бандҳои 74 ва 75 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 июни соли 2016, №237 тасдиқ шудааст:

74. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба истиснои хонандагони синфи як), ки 40 рӯз ва зиёда аз он пай дар пай ба дарсҳо бесабаб иштирок накардаанд, дар синфашон такроран мононда мешаванд.

75. Масъалаи аз синф ба синф гузаронидан ва ба аттестатсия роҳ додани хонандагонеро, ки то 80 рӯз бо сабаби беморӣ ба дарсҳо иштирок накардаанд, дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиққунанда (хулосаи Комиссияи машваратӣ-тиббӣ) Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ баррасӣ менамояд.

Дар асоси моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”:

– Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ҷайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.

Банди 11. Муассисаи таълимӣ уҳдадор аст, ки дар бораи хориҷ гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва мақомоти дахлдори давлати хабар диҳад.

Банди 12. Қарори мазкур нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ қабул карда мешавад.

Банди 13. Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба муассисаи таълимии дигар гузаронидани чунин хонандагонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи оғози дарсҳои чоряки чаҳорум мактабҳои Душанберо “дезинфексия” карда, ба рӯйи фарш, мизу курсӣ ва ҷевонҳо маҳлули махсус пошиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...