Обуҳавои Тоҷикистон то охири ҳафта ноустувор боқӣ мемонад

Дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои ВМКБ, хатари фаромадани сел дар назар буда, сатҳи оби дарёҳо баланд мешавад. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯзу пагоҳ дар кишвар обуҳаво ноустувор боқӣ мемонад. “Рӯзҳои 1-2 апрел низ ҳаво ноустувор боқӣ монда, борон меборад (дар баландии беш аз 2500 […]

Дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои ВМКБ, хатари фаромадани сел дар назар буда, сатҳи оби дарёҳо баланд мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯзу пагоҳ дар кишвар обуҳаво ноустувор боқӣ мемонад.

“Рӯзҳои 1-2 апрел низ ҳаво ноустувор боқӣ монда, борон меборад (дар баландии беш аз 2500 метр барф). Дар баъзе минтақаҳо боришоти башиддат ва фаромадани сел дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи марказ рӯзи 2-юми апрел ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад”, – таъкид кардаанд обуҳавошиносон.

Дар хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сарфи назар аз боридани барф, шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз аст.

“Субҳи имрӯз, 1-уми апрел дар километри аз 57 то 84-уми роҳи Душанбе-Чаноқ баландии сатҳи барф 15 сантиметрро ташкил медод, лекин ҳаракати нақлиёт баста нашудааст”, – гуфтанд дар ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.