Кори шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон муваққатан қатъ шуд

Дар шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел қабули муроҷиаткунандагон муваққатан қатъ шуд. Тавре намояндагии дипломатии Русия хабар медиҳад, танҳо муроҷиатҳо бо масоили хеле муҳим ба таври истисноӣ баррасӣ мешаванд. Ин қарор дар робита ба тадбирҳои роҳандозишудаи муқовимат ба паҳншавии коронавируси COVID-19 қабул шудааст. “Доир ба замони пурра барқарор шудани кори шуъбаи консулгарии сафорат ба таври иловагӣ […]

Дар шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел қабули муроҷиаткунандагон муваққатан қатъ шуд.

Тавре намояндагии дипломатии Русия хабар медиҳад, танҳо муроҷиатҳо бо масоили хеле муҳим ба таври истисноӣ баррасӣ мешаванд.

Ин қарор дар робита ба тадбирҳои роҳандозишудаи муқовимат ба паҳншавии коронавируси COVID-19 қабул шудааст.

“Доир ба замони пурра барқарор шудани кори шуъбаи консулгарии сафорат ба таври иловагӣ хабар медиҳем”, – қайд шудааст дар маълумоти сафорат.

Дар ҳамин ҳол, хизматрасонии консулгарӣ ба шаҳрвандоне, ки қаблан барои қабул худро номнавис кардаанд, бо тартиби афзалиятнок амалӣ мешавад.

Рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 13:00 ва аз соати 14:00 то 18:00 тариқи телефони умумии 236-24-41 вё бо почтаи электронии [email protected] аз шуъбаи консулгарии сафорат машварат гирифта метавонед.

“Барои муроҷиат дар ҳолатҳои фаврӣ (хатар ба ҳаёту саломатӣ, ҳодисаҳои таъҷилии кумаки башардӯстона) тавсия медиҳем, ки бо телефони дипломати навбатдор: +992-90-160-50-10 дар тамос шавед”, – навиштааст сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.