Вазорати мудофиа: Бо сабаби коронавирус дар қисмҳои низомӣ ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардид. “Дар кишвари мо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар ин, дар қисмҳои низомӣ ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нагардида, замони ба қисмҳои низомӣ фиристодани наваскарон тағйир наёфтааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён. […]

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардид.

“Дар кишвари мо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар ин, дар қисмҳои низомӣ ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нагардида, замони ба қисмҳои низомӣ фиристодани наваскарон тағйир наёфтааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён.

Ба гуфтаи ӯ, дар фармони президенти кишвар ба ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки маъракаи гусели даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ташкил кунанд.

Нозимиён ҳамчунин иттилоъ дод, ки рухсатию дидорбинӣ барои сарбозон низ бекор нашудааст.

“Дар қисмҳои низомӣ барои дидорбинӣ бо наздикон ҳуҷраҳои алоҳида мавҷуд мебошад, ки дар онҳо тамоми шароит фароҳам аст. Ҳамсари сарбоз бо пешниҳоди шиносномаву шаҳодатномаи ақди никоҳ ва риояи тартиботи қисми низомӣ рӯзҳои истироҳат метавонад ба дидорбинии ӯ биравад”, – изҳор дошт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.