Ҷаласаи ситоди вилояти Хатлон оид ба пешгирии коронавирус

Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии ситоди вилояти Хатлон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) рӯзи 2-юми апрел баргузор шуд. Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон маълумот нашр кардааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласа дастур додааст, ки доир ба омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ чораҳои мушаххас андешида шавад.

“Вазъи эпидемологии сирояти коронавирус дар миқёси ҷаҳон бениҳоят ҷиддӣ боқӣ монда, рӯз то рӯз ташвишовар арзёбӣ мешавад. Ин вазъ муносибати ҷиддиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҳар як фарди кишвар тақозо мекунад”, – гуфтааст Қурбон Ҳакимзода.

Тибқи иттилои масъулини раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, то кунун дар вилоят катҳо ва рахти хоб дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ омода карда шуда, маводҳои безараргардонӣ, доруворӣ ба миқдори лозима дастрас гардидааст.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ иттилоъ дод, ки тавассути фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб 423 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шудаанд ва ҳамаи онҳо дар беморхонаҳои воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бистарӣ гардида, ба муҳлати 14 рӯз зери назорати мутахассисони соҳаи тиб қарор доранд.

Аз 1-уми феврали соли ҷорӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 624 нафар шаҳрвандони воридшуда бистарӣ гардида, бинобар ба итмом расидани муҳлати карантини 14-рӯза дар ҳолати қаноатбахш 112 нафарашон ҷавоб дода шудаанд. То 2-юми апрел ягон ҳолати гумонбарӣ ба бемории коронавирус дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ тазаккур ёфт, дар ин муддат 1734 масҷид аз ҷониби шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамбастагӣ бо масъулини шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо безарар (дезинфексия) карда шуданд.

Ин раванд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дошта, то кунун 510 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Бохтар ва 424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 934 адад муассисаҳои тарбиявию таълимӣ дезинфексия гардиданд.

Ҳамчунин аз ҷониби масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои маҳаллӣ 531 адад толорҳои варзишие, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба машқу тамрин машғуланд, бо ҷалби кормандони соҳаи тандурустӣ безарар карда шуданд.

Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҷониби кормандони раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ бо ҷалби волонтёрон гузаронида шуда, ин тадбир идома меёбад.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон К. Абдураҳимзода иттилоъ дод, ки аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои дезинфексияи профилактикии шаҳру ноҳияҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар масоҳати 27528 метри мураббаъ, муассисаҳои мактабию томактабӣ 389362 метри мураббаъ, иншоотҳои коммуналӣ 160308 метри мураббаъ, масҷидҳо 172533 метри мураббаъ, варзишгоҳҳо ва наврӯзгоҳҳо 181992 метри мураббаъ, бозорҳо 105647 метри мураббаъ, маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар ҷойҳои серодам 94627 метри мураббаъ чорабиниҳои дезинфексионии пешгирикунанда гузаронида шуданд.

Қурбон Ҳакимзод ба аъзои ситоди вилоятӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят супориш дод, ки тавассути ВАО ва суҳбату мулоқот корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла, риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...