Гусели қариб 600 нафар ҷавонони Суғд ба артиш

Имрӯз қариб 600 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуданд. Дар маросими гусели наваскарон, ки дар майдони Парчам ва Нишони давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, волидайни даъватшавандагон ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд. Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода, сол аз […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз қариб 600 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Дар маросими гусели наваскарон, ки дар майдони Парчам ва Нишони давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, волидайни даъватшавандагон ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода, сол аз сол шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мераванд, дар вилоят меафзояд. Вай афзуд, ки ҳамасола ташкил кардани боздиди волидайни аскарон аз шароити қисмҳои ҳарбӣ яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошад. Ӯ ба волидайни наваскарон гуфт: “Имсол ҳам ин анъанаро идома медиҳем ва шуморо низ ба қисмҳои низомӣ мефиристем. Фарзандонатонро мебинед ва бо шароити будубоши онҳо шинос мешавед”.

Бино ба иттилои масъулин, дар ҷалби даъвати баҳоронаи ҷавонон шаҳру навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Спитамен ва Деваштич пешсаф буда, то 40 дарсад нақшаро иҷро кардаанд.

Пас аз барномаи фарҳангӣ, наваскарон тавассути ҳавопаймо ба ҷануби кишвар фиристода шуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.