“Сомон Эйр”: Қаллобон чиптаҳои хатсайри набударо тариқи интернет мефурӯшанд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки тариқи интернет чиптаҳои ҳавопаймоиро нахаранд. Марбут ба ин қазия дар саҳифаи фейсбукии ширкати ҳавопаймоӣ чунин навишта шудааст: “Ба диққати шаҳрвандоне, ки хатсайрҳои махсусро аз Москва ба самти Душанбе интизоранд! Қаллобоне пайдо шуданд, ки бо истифода аз вазъияти баамаломада тариқи интернет харидории чиптаҳои ҳавопаймоиро ба хатсайрҳои мавҷуднабуда пешниҳод […]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки тариқи интернет чиптаҳои ҳавопаймоиро нахаранд.

Марбут ба ин қазия дар саҳифаи фейсбукии ширкати ҳавопаймоӣ чунин навишта шудааст:

“Ба диққати шаҳрвандоне, ки хатсайрҳои махсусро аз Москва ба самти Душанбе интизоранд!

Қаллобоне пайдо шуданд, ки бо истифода аз вазъияти баамаломада тариқи интернет харидории чиптаҳои ҳавопаймоиро ба хатсайрҳои мавҷуднабуда пешниҳод мекунанд. Хоҳиш менамоем, фирефта нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳед.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки мутобиқи дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз 20-уми марти соли 2020 иҷрои хатсайрҳои мунтазами байнулмилалиро аз/ба Тоҷикистон қатъ намуд. Санаҳои 20, 22 ва 24-уми март ширкати ҳавопаймоӣ 3 хатсайри махсусро аз Душанбе ба Москва ва аз Москва ба Душанбе иҷро кард.

Оид ба хатсайрҳои махсуси эҳтимолӣ ширкати ҳавопаймоӣ қаблан иттилоъ медиҳад”.

Дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе низ ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, иброз доштанд: “Бархе нафарон бо истифода аз вазъият тариқи интернет чипта мефурӯшанд. Вале то имрӯз маълум нест, ки парвозҳо кай барқарор мешаванд. Ба ҳар сурат, маълумотро пешакӣ эълон мекунем ”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.