Як шаҳру ду ноҳияи Хатлон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро карданд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар рӯзҳои аввали даъват навоҳии Носири Хусраву Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбиро иҷро карданд.

Дар ин бораи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 3-юми апрел зимни суханронӣ дар ҷамъомади гусели наваскарон, ки дар шаҳри Бохтар сурат пазируфт, хабар дод.

“Мувофиқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, имрӯз то фардо ноҳияи Балҷувон низ аз иҷрои нақшаи даъват хабар хоҳад дод. Аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят талаб карда мешавад, ки то 10 рӯзи оянда нақшаи даъвати наваскаронро иҷро намоянд”, – гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода вобаста ба даъвати тирамоҳии соли 2019 изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаро то ба 2 моҳ кашол доданд.

“Таҷриба нишон медиҳад, ки дар раванди мавсими даъват дар баъзе ҳолат ба камбудиҳо роҳ дода мешавад. Умед дорем, дар ин мавсим чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта намешаванд. Ҳамчунин аз тарафи падару модарон ҳолатҳои эҷод кардани монеа зимни даъвати фарзандонашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба мушоҳида мерасад”, – изҳор дошт раиси вилоят.

Дар ҷамъбаст ӯ ба даъватшудагон роҳи сафеду хизмати сарбаландона таманно кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...