Кумаки молиявӣ ба оилаҳои камбизоати Тоҷикистон дар робита ба коронавирус

Date:

Оилаҳои осебпазир ва шахсони маъюб дар Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо оид ба муқовимат бо коронавирус кумаки якдафъаинаи молиявӣ мегиранд. Чӣ қадар, алҳол маълум нест.

Кумак аз ҳисоби гранти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ расонида мешавад, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад.

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод, ки равона шудани ҳудуди 3 млн доллар аз ин кумак ба пардохтҳои фаврии пулии қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, ҳамчунин маъюбон пешбинӣ гардидааст.

Зимни ҷаласа вакилон созишномаи 10-уми феврали соли равон имзошударо дар бораи кумаки молиявӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи вазир, ба тақсими маблағҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар машғул хоҳад шуд, ки рӯйхати гирандагони ин кумакро дар ихтиёр дорад.

Файзуллозода изҳори итминон кард, ки ҷараёни тақсими кумак шаффоф мегузарад.

“Нахуст сухан дар бораи 8,5 млн доллар кумак мерафт, аммо дар ҷараёни гуфтушунид ҳаҷми он то 11,3 млн доллар афзуд. Минбаъд низ имкони зиёд кардани ҳаҷми ин кумак вуҷуд дорад”, – иброз дошт вазири молия.

Зикр гардид, ки маблағҳои ин кумак ба муҷаҳҳаз кардани беморхонаҳо, таҳкими имконоти низоми тандурустии кишвар, омӯзонидани кормандони соҳаи тиб равона хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...