Раёсати тандурустии Суғд: Ташхиси дубораи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов низ натиҷаи манфӣ дод

Ташхиси дубораи сокини 61-солаи ҷамоати Янги Ҳаёти ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳабибулло Шодиев низ натиҷаи манфӣ дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дод. Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Раёсат, Ҳабибулло Шодиев на аз коронавирус, балки аз бемории илтиҳоби шуш (1 апрел, – идора) фавтид. Бо вуҷуди ин, […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Ташхиси дубораи сокини 61-солаи ҷамоати Янги Ҳаёти ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳабибулло Шодиев низ натиҷаи манфӣ дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Раёсат, Ҳабибулло Шодиев на аз коронавирус, балки аз бемории илтиҳоби шуш (1 апрел, – идора) фавтид.

Бо вуҷуди ин, 18 нафар аъзои оилаи Шодиев, инчунин 11 нафар табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки Шодиев дар ҳамон ҷо бистарӣ буд, дар карантин қарор доранд.

Дар Раёсати тандурустӣ ин қарорро чунин шарҳ медиҳанд: “Гумонбар будем, аз ин рӯ, онҳоро ҷудо кардем. Ғайр аз ин, чанде аз кормандони беморхона таби баланд доштанд. Таби хешовандони Шодиев баланд набуд, вале ба ҳар ҳол, мо тасмим гирифтем, ки онҳоро зери муоина мегирем”.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо хешовандони марҳум суҳбат кард. Уткир Ҳабибуллозода, писари Шодиев чунин гуфт: “18 нафар аъзои оилаи мо дар осоишгоҳи Ғӯлакандоз ба карантин гирифта шудаанд. Мегӯянд, ки падари ман дар Қирғизистон буд, вале ин дуруст нест. Аз оилаи мо танҳо худи ман берун аз ҳудуди кишвар – Русия будам, лекин ҳанӯз 31 октябри соли 2019 баргашта будам”.

Ӯ овозаҳо дар бораи марги модарашро низ рад кард: “Модарам зиндаву солим буда, ҳамроҳамон дар осоишгоҳ аст. То бемории падарам ӯ дарди дил дошт. Ҳозир вазъи саломатияш хуб аст”, – гуфт Уткир Ҳабибуллозода ба “Азия-Плюс” тариқи телефон.

Дар вилоят чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?

Ба гуфтаи Маъруф Ҳоҷибоев, ҳамаи маҳаллаҳои шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санҷида мешаванд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз 652 кас дар карантин қарор доранд. Дар байни онҳо шахсоне мебошанд, ки аз Ӯзбекистону Қирғизистон баргаштанд ва бо аъзои оила ба карантин гирифта шуданд.

“Ҳамаро, ҳатто касонеро, ки шаклҳои сабуки бемории роҳҳои нафас доранд, бистарӣ карда, боқимондаро дар карантин ҷой медиҳем”, – мегӯяд Ҳоҷибоев.

Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаҳои карантинии вилояти Суғд ба сурати умум 1186 нафар ҷойгир шудаанд.

Ӯ қайд кард, ки яке аз тадбирҳои пешгирии паҳншавии коронавирус дар вилоят коркарди ҳамаи биноҳо бо воситаҳои дезинфексионӣ мебошад.

“Захираи ниқобу дигар воситаҳо кофист, – иброз дошт ӯ. – Беш аз 200 ҳазор ниқобитиббӣ дорем. Якчанд корхонаи вилоят ба истеҳсоли онҳо ва воситаҳои дезинфексионӣ оғоз карданд. Инчунин 51 тонна гипохлориди калтсий ва зиёда аз 10 000 тонна гипохлориди натрий ҳаст, ки дар шакли консентратанд”.

Ӯ зикр кард, ки дар назди раиси вилоят ситод оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус ва ҳамчунин назди Раёсати тандурустӣ низ чунин ситод амал мекунанд. Ситоди Раёсати тандурустӣ шабонарӯзӣ фаъолият дошта, телефони бовариии он 83422 4-65-92 низ шабонарӯзӣ фаъол аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.